Дар ноҳияи Қубодиён барои бунёди “Боғи ҷавонон” бо иштироки васеи ҷавонони ноҳия таҳти унвони “Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!” маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд.

Ба иттилои масъулони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Қубодиён, дар натиҷаи ин иќдом дар масоҳати зиёда аз 1 гектар замин дар ҳудуди љамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав 406 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шуд.

Бунёди “Боғи ҷавонон” дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) пешбинӣ шудааст.

Ҷавонони ноҳия нигоҳубин ва назорати боғи мазкурро ба уҳда гирифта, мақсади бунёди боғи серҳосил ва намунавиро доранд.

Раҳмоналӣ  Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here