Дар хабар аст, ки боз як бозигари клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва дастаи мунтахабаи футболи Тоҷикистон рӯ ба ҷониби Индонезия овардаааст. Ин Дилшод Восиев аст, ки бино ба овозаҳо бояд тарки Тоҷикистон кунад.

Коршиноси футбол Бобо Холмуродзода дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, ки чунин менамояд, дар соли 2018 беҳтарин дастаи Тоҷикистон дар солҳои охир -“Истиқлол” ҳадафи бузургеро пешорӯ надорад. Тарки беҳтарин бозингарони ин даста гувоҳи аз он аст, ки имсол барои “Истиқлол” ба даст овардани унвони чемпионӣ кофӣ аст (он ҳам дар гумон). Дар баробари гузаштани бозигарони беҳтарини “Истиқлол” аз қабили Манучеҳр Ҷалилов ба “Шривиҷая”, Нуриддин Давронов ба “Мадура Юнайтед”, Фатуҳулло Фатҳуллоев ба “Персела”, акнун нишонзани беҳтарини мавсими гузашта Дилшод Восиев ҳам ба ин мамлакати соҳили уқёнус меравад.

Овозаҳо дар мавриди аз “Истиқлол” рафтани Никола Стошич, Дэвид Мавутор, Дмитрий Барков, Ҷаҳонгир Алиев, Эҳсони Панҷшанбе ва Амирбек Ҷӯрабоев низ ба гӯш мерасад, навиштааст Холмуродзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here