Дар натиҷаи ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҷинояти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор гумонбар мешавад, дар кишвари ҳамсоя боздошт шудааст.

6-юми феврали соли 2018, шаҳрванд Воҳидов Ҳомид Ҷурақулович, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Ҳисор, ки ҳамчун шахси пешсудшуда бо моддаи 273 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, дар кофтукови байналмиллалӣ қарор дошт, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Тошканд дастгир гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуд.

Ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт вусъат меёбанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here