26-уми октябр, тахминан соати 20:30, гурӯҳи ҷавонон дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ бо ҳар гуна олот, аз қабили корду санг мусаллаҳ шуда, байни ҳам муноқиша роҳ андоштаанд, ки оромии шабонаи шаҳрвандону тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ин бохабар шуда, ба ҷои ҳодиса расидаанд. Дар натиҷаи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои оперативию тафтишотӣ муайян карда шудааст, ки ду гурӯҳи ҷавонон бо ҳам даъво карда, бо воситаи корду дигар олотҳо ҳамдигарро зери лату кӯби шадид қарор додаанд. 7 ҷавон, ки аксарашон донишҷӯён мебошанд, ҳамчун гумонбар дастгир карда шудаанд:

1. Абдуллоев Абдулло Неъматуллоевич санаи таваллудаш 26.05.1999, зода ва сокини ҷамоати деҳоти Гулбуттаи н. Рӯдакӣ, донишҷӯи курси 4-уми Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ, ки айни ҳол бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ бистарӣ карда шудааст.

2. Қурбоналиев Ханҷар Давлатшоевич санаи таваллудаш 26. 08. 1997, истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдасии шаҳри Душанбе, донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносии ДМТ;

3. Мирзоев Ҳамза Давлатқадамович санаи таваллудаш 29. 10. 1997, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, донишҷӯи курси 2 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия,

4. Шарипов Фирӯз Хуршедович санаи таваллудаш 18. 02. 1997, истиқоматкунандаи кӯчаи Вахши ш. Душанбе, хатмкардаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе.

5. Абдураҳмонов Беҳрӯз Файзалиевич санаи таваллудаш 30. 01. 1997, истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдавсии ш. Душанбе, донишҷӯи курси 2 факултети иқтисоди ҷаҳонии Донишгоҳи давлатии техники Тоҷикистон;

6. Зуҳуров Худобахш Ҷомиевич санаи таваллудаш 13.01.1990, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гулбуттаи н. Рӯдакӣ, бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ бистарӣ карда шудааст.

7. Азамов Сайраҳмон Сайфраҳмонович санаи таваллудаш 12. 04. 1999, истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдавсии ш. Душанбе, бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ бистарӣ карда шудааст.

Холо аз ҷониби милитсияи пойтахт барои муайян ва дастгир намудани дигар ҳаммаслакони гуруҳҳо чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шудааст, ки номбурдагон байни ҳамдигар муноқиша намуда, дар натиҷа шаҳрванд Азамов Сайраҳмон бо корди қаблан мусаллаҳгаштаи худ бо як бераҳмии махсус ба қафаси синаи шаҳрванд Абдуллоев Абдулло ва Зуҳуров Худобахш зарба зада ба онҳо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Дар идомаи муноқиша ва ҳамлаи ҷавобӣ бошад худи шаҳрванд Азамов Сайраҳмон бо зарби корд ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Аз таҳлилҳои тафтишотӣ ва омӯзиши сабабу омилҳои муноқишаи мазкур бармеояд, ки ин ҷиноят танҳо бо даъвати яке аз иштирокчиёни он сар зада, дар натиҷа 7 нафар ҷавони гумроҳ маҳбасӣ гардиданд. Ин дар ҳолест, ки аксари онҳо донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар, ва ҳатто факултети ҳуққшиносӣ мебошанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тибқи талаботи моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here