Як корманди баландпояи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо 490 000 доллар дастгир шудааст. Дар ин бора аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд.

28 сентябри соли 2017 ба шаҳрванд «А» бо ариза муроҷиат кардааст, ки муовини сардори сарраёсат, сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурализода Аскар Шералӣ барои дохил намудани лоиҳаи ташкил ва рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 ва дар ин замина мусоидат намудан барои ба номбурда ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба миқдори 10 млн. доллари ШМА, аз ӯ ба сифати пора 10% маблағи ҷудошаванда, яъне 1 млн. доллар талаб кардааст. Мувофиқи маслиҳати тарафҳо шаҳрванд «А» маблағи 500 000 долларро то иҷрои амали ваъдашуда ва қисми дигари он, маблағи 500 000 долларро баъди иҷрои ин амал ба Нурализода А.Ш. ба сифати пора диҳад.

Сипас, Нурализода А.Ш. дар идомаи амалҳои ҷинояткоронаи худ барои иҷрои ин амали ваъдашуда маротибаи дувюм ба сифати пора аз бинои истиқоматии бисёрошёна дар шаҳри Душанбе ба номи ҳамсараш Холиқова Савринисо Маҷидовна як хонаи истиқоматии сеҳуҷрагӣ ба маблағи 69360 доллар талаб кардааст. Дар ин замина байни ширкати сохтмонии «В» ва шаҳрванд Холиқова С.М. аз 22.08 соли 2017 шартномаи саҳмгузорӣ ба имзо расонида шудааст, ки дар асоси расиди даромади хазинавӣ қисми маблағи хонаи истиқоматӣ ба маблағи 115030 сомонӣ баробар ба 13222 доллар, аз ҷониби шаҳрванд «А» ба хазинаи ширкати сохтмонии «В» ба номи Холиқова С.М. пардохт карда шудааст. Инчунин, Нурализода А.Ш. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, барои мақсадҳои зикршуда боз аз шаҳрванд «А» ба сифати пора моҳҳои август ва сентябри соли 2017 маблағи 3200 сомонӣ ва 10000 (даҳ ҳазор) доллар гирифтааст.

Нурализода А.Ш. ба маблағҳои қаблан гирифтааш қонеъ нашуда, барои мусоидат намудан дар хусуси ҷудо гардидани маблағҳои грантӣ ба манфиати шаҳрванд «А» аз ӯ боз ба сифати пора 500 000 доллар талаб кардааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ 28.09.2017 соати 19:00 муовини сардори сарраёсат, сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Нурализода Аскар Шералӣ истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ хонаи 20/1, хуҷраи 11, бевосита баъди аз шаҳрванд «А» ба сифати пора гирифтани маблағи 490 000 доллар, дар кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе назди тарабхонаи «Афсона» дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ 490 000 доллар аз ӯ ёфта гирифта шудааст.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз манзили истиқоматӣ ва ҳуҷраи кории Нурализода А.Ҳ. дигар далелҳои шайъӣ, аз ҷумла аз манзили истиқоматияш 10 000 доллар, ки қаблан барои ин амал гирифта буд, шартномаи саҳмгузорӣ барои манзили истиқоматӣ аз 22.08.2017 ва расиди даромади хазинавии ба маблағи 115030 сомонӣ, ки аз ҷониби шаҳрванд «А» ба хазинаи ширкати сохтмонии «В» ба номи Холиқова С.М. пардохт карда шудааст, ёфт шудааст.

Вобаста ба ҳолати зикргардида 28.09.2017 нисбати Нурализода А.Ш. бо моддаи 319, қисми 4, бандҳои «в,г»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Дар акс Нурализода Аскар Шералӣ. Акс аз АП

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here