21-уми май хонуми аввали Ӯзбекистон Зироат Мирзиёева барои боздид ва мулоқот бо осебдидагони обанбори Сардоба ба вилояти Сирдарё рафт. Вай бо минтақаҳои аз кандашавии обанбори Сардоба зарардида ошно шуд ва бо мардуми маҳаллии он, ки ба ҷойҳои дигар интиқол ёфтаанд, самимона мулоқот кард. Дар ин бора сомонаи интернетии Хазинаи “Zamin”  иттилоъ додааст.

Бино ба хабари ин манбаъ, Зироат Мирзиёева зимни мулоқоташ бо мардуми маҳаллӣ гуфтааст: “Мо бо шумоем. Тамоми мардуми Ӯзбекистон бо шумоянд! Президенти мо бо шумоянд!”

Вай дар ҷараёни ин боздиду мулоқотҳо пуштибонӣ аз осебдидагони ҳодиса ва ҳамраъии худро нисбати онҳо баён карда, баъд бо шароити зисти муваққатии онҳо ошно шудааст.

“Воқеъан, аз канор истода ҳарчи гуфтан осон аст: ноумеду маъюс нашавед, ин рӯзҳо мегузаранд! Аммо худи шумо медонед, ки аз қалби шумо чиҳо мегузаранд! Шумо сарфакорӣ кардеду хона сохтед, фарзандони шумо сарпаноҳ ёфтанд. Худ напӯшидеду барои духтаронатон ҷиҳоз ғундоштед. Ба мо ҳамааш маълум аст, мо ҳамаро дидему шунидем. Бисёр хостам, ки дар арафаи иди муқаддаси Фитр аз шумо хабар гирам, бо ҳарфи хуб шуморо дастгирӣ намоям!” — гуфтааст Зироат Мирзиёева.

Бонуи аввали Ӯзбекистон дар ин ҷо иҷрои як лоиҳаи муштараки иҷтимоии байни Хазинаи “Zamin” ва Федератсиюни иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ҷиҳати пуштибонӣ аз хонаводаҳои 11 маҳалла, воқеъ дар ноҳияҳои Сардоба, Оқолтин ва Мирзоободро эълон доштааст.

Бино ба ин лоиҳа дар замони бартараф намудани оқибатҳои обхезии Сардоба одамони синнашон аз 60 болои маскуни ин минтақа дар фароғатгоҳҳои шаҳри Тошканд, вилоятҳои Тошканд, Сирдарё ва Ҷиззах ройгон истироҳат мекунанд. Кӯдакони аз 7 то 14-сола бар асоси ин лоиҳа дар фароғатгоҳҳои тобистонаи тандурустӣ фароғат мекунанд.

Дар ин сафар ба Зироат Мирзиёева духтараш Саида Мирзиёева низ ҳамроҳӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Бунёди “Zamin” ба ҳайси созмони ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ таъсис ёфтааст ва Зироат Мирзиёева роҳбари шурои васигии он мебошад. Мақсади ин созмон ҳамкорӣ дар рушди устувори мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Ӯзбекистон арзёбӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки сарчашмаи молии ин Бунёдро маблағҳое ташкил мекунанд, ки аз ҳисоби хайру эҳсони одамони касбу кори гуногун, ҳамчунин грантҳои созмонҳои байналмилалӣ маншаъ гирифтаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here