“Бонки Эсхата” як барномаи нави мобилиеро роҳандозӣ кардааст, ки барои донишҷӯён имкон медиҳад аз хона набаромада, маблағи таҳсили худро пардохт кунанд.

— Ин хизматрасонӣ ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки дар назди хазинаҳои донишгоҳҳо дар фазои гарм навбат истода, вақти худро талаф диҳанд, — гуфтанд дар бонк.

Барои боргирӣ ва насб намудани ин хизматрасонӣ дар тилфонҳои дастӣ шахс бояд ба бонки мобилии “Эсхата онлайн” пайваст шавад. Чӣ корро бояд анҷом дод? Барои он ба замимаи «Эсхата онлайн» ворид шуда, «Пардохт ва интиқол» — ро интихоб ва он ҷо дар бахши «Маориф» донишгоҳи худро пайдо ва пардохтро бояд ворид кард. Пардохт ба ҳисоби донишгоҳ ворид карда мешавад.

Дар ҳоли ҳозир “Бонки Эсхата” ин имкониятро барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи М. Ғафуров ва Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ пешбинӣ намудааст.

“Дар мавриди дигар донишгоҳҳо, мутахассисони бонк гуфтушунид доранд ва ба зудӣ имконияти пардохти ҳаққи таҳсил тавассути “Эсхата онлайн» барои донишҷӯёни дигар донишгоҳҳо низ боз хоҳад шуд”, — гуфтанд дар бонк.

Ҳамзамон ба қавли онҳо, ба нафароне, ки ба хизматрасонии «Эсхата онлайн» пайваст нашудаанд, бонк имкон медиҳад бо корманди наздиктарин филиали вилояти Суғд тамос гирифта, барои таҳсили худ бидуни тарк кардани шаҳри худ маблағи таҳсили худро пардохт намоянд.

“Вақти худро барои корҳои муфид бештар сарф кунед. Масофаи иҷтимоиро риоя намоед, дигар дар навбатҳои дуру дароз интизори накашед! Худ ва наздиконатонро муҳофизат намоед!”, — мегӯянд дар “Бонки Эсхата”.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here