Дар бозори нақди кишвар қурби доллар каме боло рафта, қурби рубли русӣ дар ҳоли поёнравӣ аст. Дар ин бора Бонки Миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз арзиши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз 0,1355 то  0,1375 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ афзудааст, ки дар дар бозори нақди кишвар имрӯз 1 доллари ИМА аз 9,4300 то 9,4318 сомонӣ ва 1 евро аз 10,7500 то 10,8200 сомонӣ арзиш доранд.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз қурби миёнаи расмии 1 доллари ИМА — 9,4318 сомонӣ, 1 евро – 10,7541 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0,1355 сомонӣ мебошад.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ аст ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here