Клуби “Истиқлол”-и Душанбе дар финали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 бар дастаи “Эйр Форс”-и Ироқ бозиро бохт ва аз 1 миллион ҷоизаи КФО маҳрум шуд. Рост, ки бояд дастаи иштирокчии финал 500 000 доллар гирад.
Ин бозӣ 4-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар ҳузури 20 000 мухлис баргузор шуд. Қисми якуми бозӣ бо бартарии тарафҳо ва бе задани гол ба охир расид. Дар дақиқаи 53-юм ба меҳмонон муяссар шуд, ки пеналтӣ зананд. Дарвозабони “Истиқлол” Никола Стошич ин зарбаро гардонд. Сипас, дар дақиқаи 68-ум Имод Муҳсин дастаи ироқиро ба пеш баровард, ки ин голи задаи ӯ аввалину охирин шуд.
Баъди анҷоми вохӯрӣ маросими ҷоизасупорӣ баргузор шуд. Клуби “Эйр Форс” маротибаи дуюм соҳиби Ҷоми КФО ва медалҳои тиллои мусобиқа шуд. Ба дастаи “Истиқлол” медалҳои нуқраи Ҷоми КФО расид. Ин маротибаи дуюм аст, ки “Истиқлол” дар финали Ҷоми КФО ба нокомӣ дучор мешавад.
Ҷоми КФО-2017. Финал
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эйр Форс» (Ироқ) – 0:1
Гол: Имод Муҳсин, 68.
Пеналтии ба нишоннарасида: Аҳмад Ҳамадӣ, 53 (дарвозабон).
Манучеҳр Ниёзов, «Фараж»