Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар, ки ҳоли хароб дошт, бо дасгирии ҳукумати маҳаллӣ ва маблағгузории созмонҳои хориҷӣ обод хоҳад шуд.
Директори ин муассиса Сайдбурҳон Шарифов гуфт, ки ин муассиса пурра дар ҳолати таъмирталаб қарор дошт, хушбахтона дар як соли охир бо дасгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, маблағгузории созмонҳои хориҷӣ то андозае, беруни бино, роҳрав ва синфхонаҳои таълими таъмиру босозӣ гардиданд.
Ба гуфти манбаъ барои ободонии Литсей беш аз 140 ҳазор сомонӣ масраф карда шудааст ва ҳоло таъмир дар хобгоҳ ва сехи муассиса идома дорад. «Дар назар аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар муассисаи давлатии таълими Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар ба пурагӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, барои касбомӯзон тамоми шароиту имконияти дарсомӯзи фароҳам оварда мешавад», — афзуд Сайдбурҳон Шарифов.
Манбаъ гуфт, ин ҳама талошҳои масъулони Летсей баҳри фароҳам овардани шароити хуб барои касбомузони ин таълимгоҳ мебошад.
Раҳмоналӣ Додархуҷаев