4 нафар сокини шаҳри Бохтар барои иҷро накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» ба маблағи 15 ҳазор соомнӣ ҷарима карда шуда, 49 нафар ҷавоне, ки ғайрирасvӣ дар давлатҳои хориҷа таҳсил мекарданl ба ватан баргардонида шуданд.
Мудири шуъбаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Бохтар Фурқат Забиров гуфт, ки соли гузашта дар шаҳр беш аз 2 ҳазор маърака гузаронида шудааст, ки харҷи умумии онҳо 787 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
Манбаъ гуфт, ҳангоми баргузории ин маросимҳо аз тарафи комиссияҳои динии шаҳр чор қонуншиканӣ, ки аз ҷониби Назокат Яқубова, Махфират Каримова, Саломидин Ҳамзаев ва Азам Ғафуров ошкор шуда буд, барои риоя накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» ошкор шуда, онҳо аз тарафи суди шаҳр ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷавононе, ки ба тариқи ғайрирасмӣ дар мадорис ва донишкадаҳои динии хориҷ аз кишвар таҳсил доранд, 49 нафар ба ватан баргардонида шуда, танҳо 3 нафар — Абдулфатоҳ Ҷурабоев, Абос Абдулоев ва Илмидин Ҷалилов боқӣ мондаанд, ки нисбати онҳо аз тарафи прокуратураи шаҳри Бохтар парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.