То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар шаҳри Бохтар бунёди 18 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар се моҳи соли равон ду корхона мавриди истифода қарор дода шуд.

Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар Валиҷон Ятимзода гуфт, ки дар се моҳи соли 2019-ум дар шаҳри Бохтар 2 корхона — ҶДММ «Сафар фарма» ва ҶДММ «Имрони Бохтар», ки  самти фаъолияташон  истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ ва сохтмонӣ мебошанд, сохта шуданд, ки дар онҳо 11 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар соли 2019-ум  дар назар аст, ки шаш адад корхонаи саноатӣ бо таъсиси 95 ҷойи нави корӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар бунёд шавад.

— Азимтарин корхонаҳои саноатие, ки дар се соли оянда дар шаҳри Бохтар бунёд мешаванд, ин корхонаи истеҳсоли  дучархабарорӣ, корхонаи ҷуроббофӣ, корхонаи коркарди доруворӣ, сардхона, корхонаи меваю сабзавот, корхонаи масолеҳи сохтмонӣ ва дигар корхонаҳои саноатӣ мебошанд, ки дар минтақаи саноатии шаҳр бунёд карда мешаванд, — илова кард Валиҷон Ятимзода.

Тибқи ҳисоботи оморӣ ҳоло дар шаҳри Бохтар 47 адад корхона ва коргоҳи саноатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо дар се моҳи соли 2019-ум ба маблағи беш аз 48 милиону 270 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here