Кормандони шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар 610 муштариеро, ки ғайриқонунӣ неруи барқро истифода мебурданд, ба маблағи 451 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима карданд.

Сардори Хадамоти фурӯши шабакаҳои барқи  шаҳри Бохтар Аҳлиддин Шарифов ба хабарнигори “Фараж” иттилоъ дод, ки танҳо дар моҳи ноябр нисбат ба  4 нафар соҳибкор барои дуздии қувваи барқ аз ҷониби  прокуратураи шаҳр  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

“Истифодаи ғайриқонунии неруи барқ дар шаҳр сол то сол зиёд шудааст”, — гуфт ӯ ва афзуд, ки мушкили пардохт накардани ҳаққи истифодаи неруи барқ низ боиси ташвиши ҷиддӣ гардидааст.

Ҳоло ин қарз ба 78 миллиону 934 ҳазор сомонӣ расидааст, ки барои идораи мазкур маблағи кам нест. Қарзи аҳолӣ 26 миллиону 330 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумлаи ниҳодҳои қарздор Идораи чароғонкунии шаҳр 1 миллиону 600 ҳазор, беморхонаи шаҳрӣ 480 ҳазор, Маркази саломатии шаҳр 80 ҳазор, “Амонатбонк”-и вилоят 120 ҳазор ва “Амонатбонк”-и шаҳр 11 ҳазор сомонӣ аз барқ қарздоранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here