Ҳар шаҳрванд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имкони бо 4 сомонӣ аз тести COVID-19 гузаштанро дорад. Ҷавоби ташхис давоми 2 рӯз маълум мешавад. Ҳол он ки ин гуна тест дар муассисаҳои тиббии хусусӣ ба маблағи 300 сомонӣ мегузаранд, ки дар ин сурат ҷавобаш дарҳол муайян мешавад. Ин нукта дирӯз  зимни нишасти матбуотии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ  баррасӣ шуд.

Тавре гуфта шуд, то имрӯз аз ҳудуди ноҳия ҳамагӣ 4 нафар бо ташхиси коронавирус фавтидаанд. Раиси ноҳия афзуд, ки поккории манзили нафароне, ки аз COVID-19 фавтиданд, ё нав мубтало шудаанд, аз ҳисоби ноҳия сурат мегирад.

— Рӯйхати оилаҳои камбизоат ба миқдори 6484 нафар тасдиқ карда шуд. Тибқи ин рӯйхат 593,2 ҳазор сомонӣ тавассути шуъбаи барқи ноҳия дастраси оилаҳои камбизоат гардид, — омадааст дар изҳороти раиси ноҳия.

Таъкид гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 ба маблағи 100,5 млн доллари ИМА маҳсулот содирот шудааст. Аз ин нишондод либосворӣ, маъдан ва консентрату нахи пахта ҳиссаи бештарро ташкил додааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here