Шумораи нахустини нашрияи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада, дастраси хонандагон гардида буд. Ҷумҳурии тозаистиқлол ба чунин рӯзнома зарурат дошт. Рӯзномае даркор буд, ки аз мавҷудияти мақомоти андоз, самтҳои фаъолияти он ва падидаи нави даврони истиқлол – соҳибкорӣ паём расонад.
Вақте ин нашрия арзи вуҷуд кард, бисёриҳо ба пойдории он шубҳа доштанд. Ин бесабаб набуд, зеро он замон кам набуданд нашрияҳои наве, ки ба душвориҳои иқтисодии давраи гузариш муқовимат карда натавониста, баъди баровардани якчанд шумора аз фаъолият бозмонданд. «Паёми андоз» тоб овард, монеаҳоро паси сар кард, пеш рафт ва обутоб ёфт. Дигар хел шуданаш мумкин набуд. Барои дар нимароҳ мондан ҳақ надошт, зеро он талаботи замон ва ҳастияш барои халқу давлат ва Ватани азиз ногузир буд.
«Боҷу хироҷ» ба майдони матбуоти тоҷик бо нигоҳи хоси худ ворид шуд. Вақте ин нашрия арзи ҳастӣ намуд, дар фаъолияти мақомоти андоз ва сохторҳои ҳудудии он гӯё дигаргунии куллӣ ба амал омад. Рӯзнома, ба қавле, танзимгари фаъолияти ҳар як корманди мақомоти андоз ва оинаи фаъолияти онҳо гардид.
Шоирони халқии Тоҷикистон Низом Қосим ва Ҳадиса Қурбонова, адибон Нозирҷон Боҳирӣ, Ҳабибулло Имодӣ, Нозирҷон Ёдгорӣ, Раҷаб Мардон, журналистон Абдуфаттоҳ Воҳидов, Шодмон Карим, Шамсиддин Насриддин, Саидҷаъфар Баёзӣ, Муҳаммадӣ Табарзода ва чанди дигарон аз зумраи эҷодкороне буданд, ки бо сарварии Исматулло Ибод дар тавлиди шумораи аввалин ва шумораҳои минбаъдаи ин нашрияи соҳавӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Маҳз навиштаҳои онҳо саҳифаҳои рӯзномаро рангину ҷолиб месохт ва ин боис мегашт, ки самтҳои фаъолияти мақомоти андози мамлакат ба таври васеъ инъикос ёбад, ҳамкории миёни кормандони мақомоти андоз ва андозсупорандагон устувортар гардад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки аввалин Кодекси андози ҷумҳурӣ ва минбаъд таҳрирҳои нави Кодекси андоз ва тағйиру иловаҳои ба кодекс воридшуда, ба шакли пуррааш, дар рӯзномаи “Боҷу хироҷ” бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ чоп шуда, дастраси мардум гардид. Навиштаҳои зиёд таҳти рубрикаҳои “Симои андозсупоранда”, “Садои соҳибкор”, “Сарчашмаҳои нави андозбандӣ”, “Ба кӯмаки андозсупоранда”, “Андоз — як рукни давлат”, “Навид”, “Мизи мудаввар”, “Ҷиноят ва ҷазо”, “Мусоҳибаи мо”, “Семинар — машварат”, “Амалиёти гурӯҳи корӣ”, “Маърифати андозӣ”, “Қонун ва андоз”, “Санҷиш”, “Тавзеҳот”, “Имтиёзҳо”, “Қарз зиллат аст”, “Андоз дар хориҷа”, “Технологияҳои муосир” ва ғайраҳо кайҳо боз мақбули хонандагон гардидаанд. Ногуфта намонад, ки қисмате аз андозсупорандагон фарҳанги андозро тавассути ҳамин рӯзнома омӯхтаанду ин амал ҳоло ҳам идома дорад. Яъне, маводи таҳти рубрикаи “Фарҳанги андозро меомӯзем!” дар маърифатомӯзии шаҳрвандон хуб мусоидат кардааст. Силсилаи мақолаҳое, ки таҳти рубрикаҳои “Редаксияи сайёр дар шаҳру ноҳияҳо” дарҷ мегарданд, дар дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти андозсупорандагону андозғундорон ва пешрафти кори онҳо кӯмак мерасонад.
Кормандони рӯзномаи “Боҷу хироҷ” минбаъд низ ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инъикоси фаъолияти мақомоти андоз, андозсупорандагону нозирони андоз, расонидани иттилоот ба мардум ва татбиқи барномаҳои ҳукуматӣ бештар саҳмгузорӣ хоҳанд кард. Имрӯз журналистон Абдуфаттоҳ Воҳидов, Мазҳаб Ҷумъа, Саидҷаъфар Баёзӣ, Тоҳирҷон Искандарзода, Фотимаи Мирзохон, Тоҳир Чилаев, Неъматулло Зоирзода, Суҳроби Рустам, Исломи Раҷабалӣ ва Фирдавси Абдураҳмон таҳти роҳбарии кадри ҷавони лаёқатманд — сармуҳаррир Шарифӣ Фарзона Музаффар самаранок фаъолият мекунанд. Инчунин, кормандони редаксия Сафаралӣ Сатторов, Рухсора Валиева, Зайнаббибӣ Абдуллоева, Саодат Раззоқова, Сафармоҳ Юлдошева, Баҳром Аминов, Шаҳбоз Баҳовуддин ва Комил Мақсудов дар чопи босифату дастрасгардонии саривақтии рӯзнома нақши муҳим доранд.
Воқеан, дар идораи рӯзнома муҳити солими эҷодӣ вуҷуд дорад. Маҳз бо ёриву дастгирии роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони нашрия шароити созгори корӣ фароҳам гардидааст, ки ин тадбир албатта, ба самарабахштар шудани фаъолияти рӯзноманигорон ва ҷолибтар гардидани рӯзномаи «Боҷу хироҷ» мусоидат намуда истодааст.
Умед дорем, ки “Боҷу хироҷ” минбаъд низ мавқеашро мустаҳкамтар, ҳамкориашро бо шаҳрвандон зичтар карда, ҷолибу рангинтар мегардад. Он дар рушду нумӯи мақомоти андоз, баланд бардоштани фарҳанги андозсупорандаҳо ва ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳамкасбони худро аз нашрияи «Боҷу хироҷ» ба ин санаи муҳим табрик гуфта, барояшон комёбиҳои нави эҷодӣ таманно дорад.