Ширкати Tcell иқдоми навро аз 8 январ то 8 апрели соли ҷорӣ бо унвони “Билет ба Русия” оғоз кардааст.

Дар ин иқдом иштирок карда, соҳиби билети ройгон ба Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Красноярск, Краснодар, Иркутск, Сочи, Новосибирск, Оренбург ва дигар шаҳрҳое,ки “Сомой Эйр” ба он самт хатсайр дорад, шудан мумкин аст.

Барои иштирок дар ин иқдом ба шумо лозим аст, то “Бастаи 5 дақиқа ба Русия”- ро ҳамагӣ ба 6 сомонӣ харидорӣ намоед. Баъд аз фаъол намудани баста, ба шумо дарҳол паём бо шумораи (ID) муайян, ки 8 рамзро дорост, фиристода мешавад. Шумораҳои мазкур дар озмуне, ки дар дафтари марказии Тселл баргузор мегардад, истифода хоҳад шуд. Аз санаи 8 январ то 8 апрел, соати 8.40 то 9.10-и cубҳ, озмун оғоз ёфта, ҳар рӯз аз радиои “Ватан” пахш мегардад. Соҳибони шумораҳои бурднок эълон, бо онҳо аз тарафи ширкат, ё радио тамос гирифта мешавад.

ID-шумора дар озмуни мазкур як маротиба иштирок мекунад. Барои иштироки минбаъда, шумо метавонед бастаи мазкурро ҳар рӯз харидорӣ карда, дар озмун ҳар рӯз иштирок кунед. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here