Шуруъ аз шаби душанбе ба сешанбе тамоми маркази шаҳри Киеви Украина баста, ҳаракати мошинҳо маҳдуд ва минтақаи маъруф ба ҳукуматӣ ба муҳосира гирифта шудааст. Полис ба эътирози густардае, ки имрӯз бояд шуруъ шавад чунин омодагӣ дидааст.

Губернатори пешини вилояти Одесса Михаил Саакашвилӣ ва ҳизби “Ҳаракати нерӯҳои нав”-и вай тасмим доранд, бо нишони ҳимоят аз ислоҳоти сиёсӣ, маҳдуд кардани дахлнопазирии вакилон ва ташкили додгоҳи зидди фасод даст ба эътироз зананд.

Хадамоти амнияти Украина хабар додааст, ки бархе аз сохторҳои алоҳидаи чапгаро ният доранд, ҳангоми эътирозҳои мазкур иғвоангезӣ кунанд. Мақомот дақиқан нагуфтанд, ки кадом сохторҳо қасди иғвоангезиро доранд. Каме баъдтар, мушовири вазири корҳои дохилии Украина Шкиряк хабар додааст, ки ҳукумат ба ширкати шаҳрвандон дар эътирозҳои сулҳомези Киев монеагузорӣ намекунад.

Андрей Кришенко, сардори идораи полиси шаҳри Киев гуфт, эҳтимол дорад, дар ин эътирозҳо то 10 ҳазор одам ширкат кунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here