Аз 3-юми декабр дар низоми бонкии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Ин боиси нигаронӣ ва сардаргумии муштариёне шудааст, ки ба хориҷа пул интиқол мекунанд, ё аз хориҷи кишвар маблағ дастрас мекунанд.
Аз дирӯз дар Тоҷикистон Маркази миллии пардозишии интиқоли маблағҳо (ММПИМ) таъсис дода шуд, ки низомҳои пардохтӣ бояд ба ин Марказ пайваст шаванд ва амалиёти худро тавассути он ба роҳ монанд.
Бонки миллии Тоҷикистон аз ташкилотҳои қарзӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш кардааст, ки ба муштариён ва наздикони худ дар кишварҳои хориҷа расонанд, то дар рӯзҳои наздик ҳангоми интиқоли маблағҳо аз хориҷа ба Тоҷикистон аз хизматрасонии низоми пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” истифода баранд.
Рамзи (код) “Юнистрим” аз 12 рақам иборат буда, рамзи “Контакт” 9 рақам дорад. Гуфта мешавад, ки ин ду ба Маркази миллии пардозишии интиқоли маблағҳо пайваст шудаанд ва интиқоли мабалағҳо тавассути онҳо бе мамониат амалӣ карда мешавад.
Интиқоли маблағҳо тавассути операторони низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии пардозишии интиқоли маблағҳо пайваст нашудаанд, амалӣ карда намешавад.
Шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, ки минбаъд интиқоли пул тариқи рамзҳои 9 рақамдори низоми пардохтии “Золотая Корона” низ амалӣ карда намешавад.