Табобати COVID-19 ва терапияи иммуносупрессивӣ мутатсияи коронавирусро ба вуҷуд меорад, ки боиси бавуҷудоии намуди беморӣ мешавад.
— Доруҳое, ки барои коронавирус пешбинӣ шудаанд ва инчунин табобати сироятёфта бо плазма ва бо антитело сабаби суръатнокии мутатсияи вирус буда, намудҳои нави бемориро ба вуҷуд овардаанд,- хабар медиҳад РИА «Новости».
Чунин шарҳро профессори Мактаби системавии донишгоҳи Ҷорҷ Майсон Анча Баранова додааст. Бино ба гуфтаи ӯ, вақтҳои охир қобилияти вирус барои сироят кардан афзудааст. “Инфексияи вирус афзудааст ва дар чашм намоён аст. Вале афзудани он маънои онро надорад, ки беморӣ боз ҳам хатарноктар шудааст”,- шарҳ додааст Баранова.
Дар баробари ин, ӯ гуфтааст, ки муҳаққиқон як чизи муҳимро пайхас кардаанд, ки намуди нави беморӣ бинобар инкишоф дар бадани як одам ба вуҷуд омадааст. Ин маънои онро дорад, ки коронавирус дар бадани як одам бисёр вақт будаву инкишоф ёфтааст.
“Барои он ки организми одам аз вирус халосӣ ёбад, вақти бисёре лозим аст»,- қайд кардааст биолог.
Инчунин, ӯ илова кардааст, ки инкишофи вирус ва бавуҷудоии намуди нави беморӣ, истифодаи моддаҳоро вазнин мекунад ва фаъолияти вирусро вайрон месозад.