Дар ноҳияи Ёвон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 420 саги дайду безарар гардонида шуда, шумораи осебдидагон аз сагҳо хеле кам шудааст.
Сармуҳандиси Раёсати хоҷагии манзилии коммуналии ноҳияи Ёвон Қурбон Ёров гуфт, ки бо маблағҳои буҷети мақомоти маҳаллӣ дар ду марҳила 10 ҳазор сомонӣ барои харидории тир ҷудо карда шуд, ки бо ин тирҳо 420 саги дайду безарар гардонида шуданд.
Айни замон дар кӯчаҳои маркази ноҳияи Ёвон сагҳои дайду зиёд дида мешаванд, ки омили онро ин шахси масъул набудани тир барои безарар гардонидани онҳо арзёбӣ кард.
— Барои харидани тир бо мақсади безарар гардонидани сагҳо ба раиси ноҳия муроҷиат кардем. Раис моро дастгирӣ кард ва рӯзҳои наздик бояд 5 ҳазор сомонӣ ҷудо шавад, — илова кард ӯ.
Масъулони беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон низ хабар доданд, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ 28 нафар бо далели осеб дидан аз ҳайвонҳо ба беморхона муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо се нафар бистарӣ шудаанд.