Соли гузашта дар натиҷаи 332 санҷиши гузаронидаи кормандони Раёсати Агентии назрати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон дар ташкилоту идораҳо, субъектҳои хоҷагидор ва дигар муассисаҳо 31 миллиону 698 ҳазору 793 сомонӣ зарари молӣ ошкор карда шудааст.

Ин нуктаро зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати Агентии назрати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон Носирзода Солеҳ хабар дод.

— Ҳамчунин 530 адад ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодӣ, хусусиятҳои коррупсионидошта вобаста ба андоз ошкор шудаанд, ки аз ин ҳисоб 107 ададашро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд,  — афзуд сардори Агентии мазкур.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта 117 адад ҷиноят вобаста ба замин ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

Дар нишаст зикр рафт дар ин давра 176 парвандаи ҷиноятии коррупсионӣ, иқтисодии хусисияти коррупсионидошта ошкор шудааст. 138 парванлаи ҷиноятӣ ба итмом расонида шуда, 117 парвандаи дигар бо 394 лаҳзаи ҷиноят нисбати 153 нафар айбдоршаванда бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here