Бенёмини Илҳоми 10-сола, яке аз ҷоизадорони озмуни адабии ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…”, ки зимни ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, рӯзи 15-уми январ, аз беморияш ба Президенти гуфту ӯро ба риққат овард, дар бемористони “Истиқлол” бистарӣ карда шудааст.

Дар ин бора вебгоҳи расмии вазорат иттилоъ дода менависад, ки ин иқдом бо супориши бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода сурат гирифааст. Вобаста ба ин дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” машварати табибон (консилиум) доир гардидааст, ки дар он академик, сармутахассиси соҳавии вазорат  Мироҷов Ғ.Қ., сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи дастгоҳи марказии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев,  директори муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” профессор Абдуллозода Ҷ.А., сармутахассиси бемориҳои ҷарроҳии кӯдаконаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  профессор Ибодов Ҳ. ва як қатор мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ иштирок кардаанд.

Гуфта мешавад, “Бенёмини Илҳом баъди ташхис ва машварати табибон дар шӯъбаи гастроэнтрологияи “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” бистарӣ гардида, таҳти муолиҷа қарор дорад. Айни замон вазъи саломатии Бенёмини Илҳом муътадил буда, волидон хизматрасонии табибон қаноатманд мебошанд».

Ёдовар мешавем, ки ББенёмини Илҳом дар суҳбат бо Президент гуфт, ӯ бемории рӯда дораду табибон гуфтаанд табобаташ дар хориҷи кишвар имкон дорад, аммо падараш сарҳадбон асту барои табобати ӯ маблағ надорад.

Вебгоҳ менависад, айни замон муолиҷаи Бенёмини хурдсол таҳти назорати қатъии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода қарор дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here