Соли 2019-ум дар вилояти Хатлон  бо пешниҳоди прокуратура 154 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда шудааст.

Сармутахассиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Мирзохон Менгилиқулов  гуфт, ки аз тарафи кормандони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо соли гузашта 227 мавод ба прокуратура пешниҳод карда шуд.

Ба иттилои ӯ,  дар ин давра 154 адад қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, ки ғайриқонунӣ, яъне ба сокини эҳтиёҷнадошта замин дода шуда буд, бо пешниҳоди прокуратура аз ҷониби худи раисон бекор  шуданд.

— Бекоршавии қарорҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кушониён, Носири Хусрав, Кӯлоб, Фархор, Шаҳритуз, Ҳамадонӣ,  Қубодиён, Данғара ва Восеъ  ба қайд гирифта шудааст, — илова кард М. Менглиқулов. -Боқӣ қаророҳое, ки ба прокуратура пешниҳод шуда буд, ба қонун мутобиқат гардонида шудаанд, — афзуд мусоҳиби мо.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here