Беэҳтиётии як ронанда сабаб шуд, ки риштаи умри журналисти варзида Галимҷон Фастҳуддинов дар 45-солагӣ канда шавад.
30-юми январи соли 2018, тахминан соати 17:20, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дамас”, Халифаев Бахтиёр Назарович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Борбад, аз самти кӯчаи Ҷомӣ ба самти кӯчаи Фирдавсии пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №88/1 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Фастхуддинов Галимҷон Минярович, соли таваллудаш 1973, рӯзноманигори ТВ “Спутник”, сокини кӯчаи Борбадро пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард, Фастҳуддинов Г.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас кардан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони рӯзноманигори варзида Фастхуддинов Галимҷон Минярович изҳори ҳамдардӣ мекунад.