Аз беэҳтиётии ронандаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садамаҳои марговар ба вуқӯъ меоянд, ки боиси марги одамон мешаванд. Дар ду рӯзи охир дар ду шоҳроҳи бузурги кишвар ду садама шудааст, ки боиси марги ронанда ва як кӯдаки мусофир шудааст.

5-уми феврали соли 2018, тахминан соати 23:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Солиев Эмомиддин Нурмаҳмадович, соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба самти Қӯрғонтеппа дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Камаз-53212”, таҳти идораи Эшпулатов Гулмураз Кадирович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Солиев Э. ҷароҳати ванини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Инчунин, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ғуломов Қурбонмурод Мирзомаҳмадович, соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Чорбоғ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

6-уми феврали соли 2018, тахминан соати 12:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Карола” Маҳмудов Ҷумахон Алихонович, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Булёни болои ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Данғара-Кӯлоб” дар ҳудуди деҳаи Сафобахш ба канори роҳ баромада ба садама дучор шудааст. Дар натиҷа, мусофири хурдсол Маҳмудова Румайсо Ҷумахоновна, соли таваллудаш 2016, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Инчунин, худи ронанда Маҳмудов Ҷ.А., ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here