Намояндагони ҷонибҳои манфиатдор аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон афзалиятҳо ва роҳҳои татбиқи технологияҳои иттиллотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК)-ро дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ мекунанд.
Айни замон дар меҳмонхонаи «Шератон» конфронс дар мавзӯи «Нақши ТИК дар рушди агробизнес», ки аз ҷониби Ташкилоти машваратии кишоварзии «Нексигол мушовир» бо дастгирии лоиҳаи БРСММ «Аврупои Фарроҳ: Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ» ташкил карда шудааст, идома дорад.
Ҷамъ намудани тарафҳои манфиатдор барои омӯзиши имкониятҳои ТИК дар мустаҳкам кардани занҷираи арзиши иловашудаи соҳаи кишоварзӣ, ташкили платформа барои муҳокимаи муаммоҳои феълӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо дар истифодабарии васеи ТИК дар соҳаи кишоварзӣ, мусоидат дар барқароркунии муносибатҳо барои ҳамкорию рушд аз мақсадҳои асосии конфронс гуфта мешаванд.
Сардори ташкилоти машваратии кишоварзии «Нексигол мушовир» Маҳинахон Сулейманова дар суҳбат бо Faraj.tj гуфт истифодаи ТИК метавонад яке аз омилҳои самарабахши рушди соҳаи кишварзӣ ва иқтисодии кишварҳои Осиёи марказӣ гардад. Конфронси мазкур имконият медиҳад, ки иштирокчиён бо намунаҳо оид ба чӣ тавр ТИК-навовариҳо ба рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат намоянд, шинос шаванд.
Дар ин чорабинӣ иштирокчиён аз Қирғизистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла намояндагони вазоратҳо, агентиҳои миллии телекоммуникатсионӣ, ташкилотҳои пешбурд ва дастгирии тиҷорат, ташкилотҳои кишоварзӣ, деҳқонон, корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, муассисаҳои молиявӣ, донишгоҳҳо ва васоити ахбори омма иштирок доранд.