11 июли соли 2019 таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид. Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия 20 масъаларо баррасӣ карданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи рӯзномаи иҷлосия бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи раисони кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ Файзуллозода Зафар Хайрулло, Раҳимӣ Фарҳод, Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, Амирзода Раҳмоналӣ Амир ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Лоиқзода Қаноатшо Холиқ пешниҳодгардида 3 қонуни мукаммал: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов», «Дар бораи таъмини аҳолӣ  бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда», «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», ки бо мақсади такмилу мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки  аз ҷониби субъекти  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, бо мавриди муҳокимаи амиқ қарор додан, ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар иҷлосия лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Ховалинг-маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон» барои муҳокима пешниҳод гардида, аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ карда шуд.

Идома бар он, аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бозхонд намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Асрор Нор ва интихоб намудани судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Асрор Нор ва Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо қабул намуданд.

Судяҳои навинтихобшуда тибқи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, дар иҷлосия савганд ёд карданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ бо боварӣ изҳор дошт, ки судяҳои навинтихобшуда боварии Сарвари давлат ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарки масъулият ба худ қабул карда, баҳри таъмини адолати судӣ тамоми он муқаррароте, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд, дуруст, холисона ва одилона татбиқ менамоянд.

Дар ин ҷода, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз судяҳо даъват ба амал овард, ки дар амри иҷрои якхелаи қонунҳо зимни ба амал баровардани адолати судӣ қабл аз ҳама волоияти меъёрҳои Конститутсияро, ки чун ҳамеша имрӯз ҷомеа ба он ниёз дорад, сармашқи кори худ қарор диҳанд.

Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пушида эълон карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here