«Ин чӣ шӯрест» гуфтани Ҳофиз ба даври мо рост меомадааст, ки як бародар дар шаҳри Турсунзода ба бародари дигар «ҳеч раҳме» надошт ва бо корд ӯро захмӣ кард.

Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 24-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат кардааст, ки рӯзи 17-уми августи соли 2017, тахминан соати 14:00, дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо бародараш марди 19-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол кардааст. Бародари хурд бо корди дар дасташ буда, 1 маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи бародари бузург задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here