13-уми майи соли равон дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе нахустин мизи мудаввари роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Нишасти мазкур бо ибтикори ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон  дар ҳамдастӣ бо Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ гузаронида шуда, дар ҷараёни он роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» (Тоҷикистон), «Эйр Астана» (Қазоқистон), «SCAT» (Қазоқистон), «QAZAQ Air» (Қазоқистон), «Uzbekistan Airways» (Ӯзбекистон) ва «Авиа Траффик» (Қирғизистон) ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар нишасти мавриди назар мушкилоти мавҷудаи соҳаи авиатсияи гражданӣ, ки ба афзоиш ва рушди парвозҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ монеа эъҷод менамоянд, ҳамчунин масоили марбут ба бехатарии авиатсионӣ ва таъмини сӯзишвориро мавриди муҳокима қарор доданд.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи дурнамои ИАТА то соли 2037 гардиши мусофирон дар саросари ҷаҳон ду маротиба афзоиш меёбад ва бо сабаби гароиши маркази иқтисоди ҷаҳонӣ аз Ғарб ба Шарқ, сатҳи интиқолоти ҳавоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боло хоҳад рафт ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ омили муҳими ин раванд мебошад.

Дар нишасти мазкур ширкатҳои ҳавопаймоии минтақа як қатор мушкилоти соҳаро қайд намуданд, ки ба рушди авиатсия дар Осиёи Марказӣ халал ворид месозанд, аз ҷумла:

— Натанҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ, балки мақомоту сохторҳои танзимкунандаи соҳа набояд аз бехатарии авиатсионӣ сарфи назар намоянд ва ба пуррагӣ ба стандартҳои байналмилалии бехатарии авиатсионӣ, аз ҷумла ба талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), стандартҳои техникии Агентии Аврупо оид ба бехатарии парвозҳо (EASA), аудити бехатарии истифодабарии  ИАТА (IOSA) ва талаботи аудити ИАТА оид ба бехатарии хизматрасонии рӯизаминӣ (ISAGO) ҷавобгӯ бошанд;

— Диққати Ҳукумати кишварҳо бояд ба истифодабарии таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ оид ба андозбандӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва дигар хароҷоти марбутта ҷалб карда шавад. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла коркарди маълумот дар бораи мусофиронро барои мақсадҳои бехатарии авиатсионӣ муҳим мешуморанд, аммо низомҳои мазкур набояд аз ҳисоби ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мусофирон маблағгузорӣ шаванд. Айни замон дар 94 кишвари ҷаҳон аз коркарди маълумотҳои мусофирон пардохтҳо ситонида намешаванд;

— Афзоиши хатсайрҳои мустақим шарти асосии амалисозии иқтидори рушди иқтисодии кишварҳо мебошад ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз ҳукуматҳои кишварҳо даъват ба амал меоранд, ки стандартҳои беҳтарини ҷаҳонӣ ҷорӣ карда шуда, инфрасохтори зарурӣ аз рӯи нархгузории асосноку шафоф, ҳам дар нисбати интиқолоти ҳавоӣ ва ҳам дар нисбати хизматрасонии рӯизаминӣ густариш дода шавад.

Дар ин ҷамъомад ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба ҳамкориҳои самарнок ва мутақобилан муфид бо ҳукуматҳои кишварҳо дар самти стратегияҳои рушди авиатсия ва беҳтарсозии соҳаи авиатсионӣ, ҳамчунин бартарафсозии мушкилоти мавҷуда барои рушди авиатсия дар минтақа изҳори умедворӣ намуданд.

Дар интиҳо коршиносони Асосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ, ки дар кори мизи гирди мазкур ба ҳайси нозир иштирок доштанд, омодагии худро бобати дастгирии ихтисосӣ баён намуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here