Шаби 8-ум ба 9-уми апрел дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ғайриинтизор барф борид. Боридани барф дар ҳоле ба амал омад, ки дар ҷумҳурӣ деҳқонон бештари корҳои кишоварзии худро ба анҷом расонидаанд.
Баландии барф дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент ба 6-8 см баробар шудааст. Cокинони ин минтақа ба faraj.tj хабар доданд, ки кишту кори баҳориро қариб ба пуррагӣ ба анҷом расонидаанду боридани барф, ба зироат ва боғоти онҳо таъсир расондиданаш аз имкон дур нест.
Сокини шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент дар суҳбат гуфт, ки ҳоло ҳаво дар шаҳр ниҳоят сард ва барф баланд аст.
— Ҳамаи дарахтони ғарқи гул барфпӯшанд. Баъзеҳо помидор ва дигар растаниҳоро кӯчат карда буданд, — гуфт Исмоил Зарифӣ. — Зарари барф хеле зиёд аст.
Сокини дигари шаҳри Панҷакент Довар Ёров гуфт, ки барфи зиёд боиси шикаста шудани дарахтони мевадиҳанда гардидааст.
Деҳқонони ноҳияи Айнӣ мегӯянд бо вуҷуди ист кардани боридани барф, боришоти ғайриинтизор таъсири худро ба баргу гули дарахтон расонидааст.
Дар шаҳри Душанбе низ барфи ногаҳонӣ ва зиёд боиси шикастани шоху навдаҳои дарахтон гардиданд.