Бино ба хабарҳои расида шаби 5-уми май дар хобгоҳи муҳоҷирони ӯзбекистонӣ, воқеъ дар деҳаи Дурнихаи ноҳияи Раменски наздикии Маскав, бар асари носозии хати барқ сӯхтори шадид рух додааст.

Хабаргузории Podrobno.uz. бо такя ба манбаъҳои русӣ навиштааст, ки аз сӯхтор даҳҳо нафар ҷон ба саломат бурдаанд, аммо шаш шаҳрванди Ӯзбекистон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Онҳо се мард ва се зан будаанд.

Гуфта мешавад, ки муҳоҷирони кории ӯзбекистонӣ дар як ҳавлии думанзила бо масоҳати 200 метр сукунат доштаанд. Дар ин ҷо боз чанд вагон гузошта будаанд, ки ҳамаи он барои хуфтухези муҳоҷирони корӣ ихтисос дода шудаанд. Теъдоди онҳо анқариб 150 нафарро ташкил медодааст.

Дар вақтҳои охир, дар натиҷаи паҳну пахши бемории коронавирус муҳоҷирони корӣ тақрибан аз он ҷо берун намерафтаанд.

Сӯхтор тақрибан соати чоруними субҳ рух додааст. То расидани кормандони вазъи изтирорӣ аллакай ин бино ба крематорияи ҳақиқӣ табдил ёфтааст. Бархе аз муҳоҷирон тавонистаанд, ки то пахши сӯхтор худро аз он ҷо наҷот диҳанд.

Гуфта мешавад, ки аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here