Аз  Федератсияи Русия ба ноҳияи кӯҳистони Балҷувони вилояти Хатлон  300 дона дарахти нодири берёза оварда шудааст.

Раиси ноҳияи мазкур Ҷализода Шералӣ иттилоъ дод,ки ба хотири сабзу хуррам гардонидани маркази ноҳия аз Федератсияи Русия 300 дона дарахти нодири берёза  оварда шуда, онҳо  дар гулгашти марказии ноҳия шинонида шудаанд.

Масъулони ноҳияи мазкур  нақша доранд,ки дар оянда шумораи чунин дарахтони нодирро бештар кунанд, зеро аз ин дарахт дар баъзе аз кишварҳо масолеҳи сохтмонӣ, ба мисли тахта, истеҳсол карда мешавад, ки бинокорон сифати онро нисбат ба дигар дарахтон хуб арзёбӣ мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here