Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми ҷаласаи Чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, созишномаву протоколҳоро ба имзо расониданд.
Дар оғози иҷлосия ду санад — Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҷузъу томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо, инчунин, маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ ва Протокол оид ба тамдиди муҳлати эътибори Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 28 апрели соли 2003 ва ворид намудани тағйирот ба онро ба тасвиб расониданд.
Созишнома ва Протоколи мазкурро бо вакилони Маҷлиси намояндагон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, вакилони мардумӣ Қудратов Рустам ва Қобилов Аҳмадҷон баррасӣ намуданд. Созишномаи мазкур аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Созишномаи зикршуда 15 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» низ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Лоиҳаи Қонуни зикршуда бо мақсади барқарор намудани ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбие, ки бо сабаби тағйироти ташкилию штатӣ рухсат шудаанд, инчунин баҳри роҳ надодани барқароршавии ашхосе, ки бо кирдори худ ба шаъни баланди рутбаи ҳарбӣ иснод овардаанд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Ҳамзамон, як қатор тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайраҳо ворид карда шуд.