Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қочоқи молро дар дидбонгоҳи «Кулма»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ дар ҳаҷмаи 1 миллиону 632 ҳазору 754 сомонӣ пешгирӣ карданд, хабар доданд аз маркази матбуоти ин ниҳод.
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ, шаҳрванд С.Т. соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, ки аз соли 2011 ба ҳайси роҳбари ҶДММ «Файзимоҳ» фаъолият мекунад, бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, аз 20-уми сентябри соли 2017 ин тараф ба воситаи автомашинаҳои боркаши тамғаи «Долун» рақами қайди давлатиашон 52 26 В А 01, 28 43 ВХ 01 ва 61 87 ВС 01 аз Ҷумҳурии халқии Чин молу маҳсулоти ниёзи мардум, таҷҳизотҳои техникӣ, либосҳои гуногун, телевизор ва дигар молу колоро ба барасмиётдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст, боздошт гардидааст.
Ӯ, бо маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсони мансабдори ваколатдор автомашинаҳои дар боло зикршударо бе дар қайд гузоштан ва бе ҳуҷҷатҳои дахлдори воридотӣ ба воситаи дидбонгоҳи гумрукии «Кулма»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи қочоқ ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид карда, минбаъд бо мақсади пинҳон кардани кирдори худ автомашинаҳоро бо борҳояшон ба анборҳои шахсии худ воқеъ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Кофарниҳон 78/2 барои нигоҳ доштан интиқол додааст, ки ин ҳолат ошкор ва автомашинаҳо боздошт карда шудаанд.
Мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши молу маҳсулоти тариқи қочоқ воридкардаи шаҳрванд С.Т. ва дигарон маблағи умумии 1 миллиону 632 ҳазору 754 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои қасдонаи онҳо ба давлат ба миқдори зиёд зарари моддӣ расонида шудааст.
Бо назардошти он, ки дар ҳаракатҳои шаҳрванд С.Т. ва дигарон аломатҳои таркиби ҷиноят дида мешавад, моддаҳои 140, 145, 146, : 148,161, 162 ва 168 Кодекси мурофиавии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намуда, нисбати роҳбари ҶДММ «Файзимоҳ» шаҳванд С.Т. ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.