Соатҳои зиёди  навбатпойи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар назди бонки амонатгузории «Амонатбонк» филиали 42 дар шаҳри Бохтар  барои пардохти шартномаи таҳсил ва ҳуҷҷат онҳоро озурда кардааст.

Онҳо мехоҳанд маблағҳоро дар дилхоҳ бонк супоранд, аммо, мутаассифона, ин барои онҳо ғайриимкон аст, зеро танҳо маблағҳоро ҳамин бонк қабул мекунаду халос. Онҳо аз мутасаддиён хоҳиш доранд, ки  ба додашон бирасанд, то аз ин мушкил халос шаванд.

Масъулони бонки миллӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ дар ин масъала гуфтанд, ки масъулони донишгоҳи мазкур намехоҳанд донишҷӯён маблағро дар чанд суратҳисоб гузаронанд. Ба ҳамин далел, имрӯзҳо шумораи зиёди донишҷӯён наздики “Амонатбонк” ҷамъ мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here