Хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки тариқи шартнома таҳсилро ба охир расонидаанд, бо изҳори норизоят мегӯянд, зимни муроҷиат барои кор ба муассисаҳои тиббӣ аз онҳо роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ талаб карда мешавад.
“Вақте мегӯем, ки тариқи шартнома таҳсил кардаем ва дар интихоби ҷойи кор озодем, дар ҷавоб мегӯянд, ки дар ин маврид фармони вазорат аст ва коре аз мо барнамеояд. Марҳамат, роҳхат биёред, корро қабул кунед!”, — мешунавем аз корфармо.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сабаби ин амалашонро “ба низом даровардан” арзёбӣ мекунанд.
Вазири тандурустии кишвар Олимзода Насим Хоҷа, имрӯз, дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, “дар навбати аввал бояд он хатмкардагонеро бо кор таъмин кунем, ки тариқи буҷавӣ таҳсил кардаанд. Шартномавӣ озод аст, метавонанд, дар куҷое хоханд, кор кунанд”.
— Аксарияти донишҷӯёне, ки тариқи шартномавӣ донишгоҳро хатм кардаанд, тахассуси генеколог, ҷарроҳ ва дигар ихтисосҳоеро мегиранд, дар шаҳри Душанбе дигар ба онҳо ниёз нест. Барои ба низом даровардани соҳа мо аз муассисаҳои тиббӣ руйхат талаб мекунем, — гуфт вазир.
Сардори Раёсати таҳсилоти тиббии фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саломиддин Юсуфӣ гуфт, қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди бо ҷойи кор таъмин кардани хатмкунандагоне, ки тариқи буҷетӣ муассисаҳои олии тиббиро хатм мекунанд, вуҷуд дорад.
— Дар он гуфта мешавад, ба ин донишҷӯён, танҳо пас аз се соли фаъолият дар муассисаҳои тиббӣ, диплом дода мешавад. Дар ҳамин қарор нисбати шахсоне, ки тариқи шартнома таҳсил кардаанд, гуфт мешавад, вазорат ба онҳо кафолати таъмин бо ҷойи корро намедиҳад. Вақте тақсимот мегузаронем, мо талаботи шаҳру ноҳияҳои кишварро ба инобат мегирем. Аз 984 хатмкунандаи ДДТТ 482 нафар тариқи шартнома таҳсил кардаанд. Аз ин теъдод донишҷӯ (482 нафар) 70 дарсади онҳо ҳамагӣ 7 ихтисос — ҷарроҳӣ, табиби бемориҳои занона, кардиолог, урологро интихоб кардаанд. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба чунин ихтисосҳо қариб, ки ҷойи кор нест. Барои мо фарқ надорад, ки мутахассис тариқи буҷет хатм кардааст, ё шартнома, вақте бо роҳхат ба кор меравад, ба онҳо имтиёз дода мешавад. Имтиёз ин аст, ки чунин шахсон аз пардохти маблағи интернатура, ки аз ҷониби вазорат ба маблағи 1100 доллари ИМА тасдиқ гардидааст, озод карда мешаванд, — гуфт Юсуфӣ.