Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Масъалаи мазкур зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, муҳокима карда шуд.

Вазири адлия Рустам Шоҳмурод ва вакили мардумӣ Мавлуда Мирзозода иброз доштанд, ки лоиҳаи қонуни  мазкур бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон барои пурзӯр кардани ҷазо барои шиканҷа ва пешгирӣ кардани он таҳия гардида, бо истифода аз хуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

«Вакилони мардумӣ дар иҷлосия Созишномаи ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои муштараки мутахассисони  (коршиносони) идораҳои сарҳадӣ барои вокуниши фаврӣ  ба таҳдиди амнияти сарҳадӣ дар сарҳадоти берунаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Барқарорсозии НБО Норак, марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд,  Протокол Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи Женева оид ба манъи истифодаи газҳои нафасгиркунанда, заҳролудкунанда ё газҳои дигари ба онҳо монанд ва воситаҳои бактериологӣ ҳангоми ҷанг аз 17 июни соли 1925 ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуда, созишномаҳои зикршударо ба тасвиб расониданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here