Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, дар натиҷаи канда шудани девори обанбори ноҳияи Сарбанди вилояти Сирдарё чанд минтақаи аҳолинишини ин вилоят зарар дидаанд. Беш аз 70 ҳазор сокини минтақаҳои аз обхезӣ зарардида ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шудаанд. Гуфта мешавад, ки аз ин ҳодиса чанд минтақаи аҳолинишини Ҷумҳурии ҳамҷавори Қазоқистон низ, ки бо ин вилояти Ҷумҳурии Ӯзбекистон марзҳои муштарак доранд, зарари зиёд дидаанд.
Дар як суҳбати телефонӣ президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои қазоқаш Қосимҷомарт Тоқоев маҳз ҳамин масъаларо баррасӣ намудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад.
Сарони ду кишвари ҳамҷавор доир ба вазъияти ба миёномада табодули назар карда, ҳамчунин роҳандозии ҳамкориҳои муштарак ҷиҳати аз байн бурдани оқибатҳои ҳодисаи мазкур дар минтақаҳои зарардидаи ду ҷумҳуриро матраҳ намудаанд.
Бино ба маълумотҳои расмӣ тамоми нерӯи мавҷуда ба он сафарбар шудааст, ки оқибатҳои ҳодисаи обхезӣ зуд бартараф гардида, сокинони шаҳраку рустоҳои вилояти Сирдарё, ки барои муваққат ба ҷойҳои дигар кӯчонида шудаанд, дубора ба манзили зисти қаблии худ баргарданд.
Бо кумаки ходимони Вазорати вазъи изтирорӣ 20 нафар аз бошандаи минтақаҳои обхезӣ аз болои дарахтон ва боми хонаҳо наҷот дода шудаанд.
Аз Тошканд ва минтақаҳои дигар 200 нафар пизишк ба вилояти Сирдарё сафарбар шудаанд, то ки ба осебдидагон кумакҳои тиббӣ ва равонӣ расонанд, ҳамчунин аз паҳншавии бемориҳои гуногун ҷилавгирӣ кунанд.
Дар ин рӯзҳо ба хонаводаҳое, ки манзилашон зарари ҷиддӣ дидааст, давлат ҳамаҷониба кумак хоҳад кард. Ҳамчунин, мардум низ аз чаҳор гӯшаи ҷумҳурӣ ба осебдидагон кумакҳои башардӯстона мерасонанд.
Шабакаи телевизионии “Sevimli”-и Ӯзбекистон таҳти унвони “Аз обхезӣ аҳолии азияткашидаи вилояти Сирдарёро дастгирӣ мекунем” иқдоми башардӯстонаеро роҳандозӣ намудааст.
Дар муроҷиатномае, ки ходимони эҷодии ин шабакаи телевизионӣ ба мардуми шаҳри Тошканд равона кардаанд, омадааст, ки теъдоди зиёди аҳолии минтақаҳои обхезии вилояти Сирдарё ба ҷойҳои дигар кӯчонида шуданд.
Бо вуҷуди он ки барои осебдидагони ин офат шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешаванд, вале фарзандони аҳолии зарардида ба сару либос, бозичаҳо, оби ошомиданиву хӯрокворӣ ва амсоли он сахт ниёз доранд. Барои ҳамин дар чунин вазъиятҳои ногувор ҳама иттиҳод баставу бояд ба осебдидагон кумак расонанд.
Дар пайи ин муроҷиатнома боз тазаккур дода шудааст, ки сокинони шаҳри Тошканд ҳарчи либосҳои зиёдатии кӯдакона доранд, ба бинои ин шабакаи телевизионӣ оварда супоранд. Кормандони шабака ҳамаи онро ҷамъ оварда, ба фарзандони аҳолии ин вилоят интиқол медиҳанд.
Таври маълум баъди муроҷиати мазкур аллакай одамони зиёде барои аҳолии зарардидаи вилояти Сирдарё либосҳо, асбобу анҷоми рӯзгор, кӯрпаву кӯрпача, анвоъи хӯрданӣ, лӯхтакҳо, китобҳо ва амсоли онро супурдаанд. Ин мавод ба таври фаврӣ ба ин вилоят интиқол ёфтаанд.
Гуфта мешавад, ки иқдоми кумак ба аҳолии осебдида дар саросари Ӯзбекистон давом дорад ва ҳар хоҳишманд метавонад ба ин иқдом бипайвандад.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Додситонии кулли Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Гуфта мешавад, тафтиши ин парвандаро ходимони Хадамоти давлатии амният анҷом хоҳанд дод.
Ин манбаъ меафзояд, ки кандашавии обанбори Сардобаи вилояти Сирдарё дар натиҷаи боришоти сахт ва шамоли тезутунд рӯй додааст. 56 нафар бо захмҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд.
Дар бораи хисороти ҷонӣ ягон иттилоъ дода нашудааст. Гуфта мешавад, ки тамоми корҳои бартараф намудани оқибитҳои ҳодисаи мазкурро шахсан худи президент Шавкат Мирзиёев назорат мекунад.
Обанбори ноҳияи Сарбанди вилояти Сирдарё соли 2017 сохта шуда, дар он 922 миллион мукааб метр об нигоҳ дошта мешавад.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд