Масъулони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” нақша доранд, ки дар оянда парвозҳоро аз ин фурудгоҳ ба самти кишвари Чин ва шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба роҳ монанд.
Сардори ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” Фарҳод Абдурашидзода дар нишасти хабарӣ гуфт, ки фурудгоҳ аз 27 декабри соли 2018 пас аз сукути чандвақта фаъолияташро оғоз намуд ва аз соли 2019-ум ба самти Маскав хатсайрҳояшро дар як ҳафта 4-5 маротиба ба роҳ монд.
Соли 2019-ум аз ин фурудгоҳ 27 ҳазору 691 нафар гусел карда шуда, 28 ҳазору 249 нафари дигар қабул карда шудаанд. Дар умум, ба 55 ҳазору 940 нафар мусофир хизмат расонида шудааст. Барои гусел ва қабули мусофирон 205 маротиба ҳавпаймо аз ин фурудгоҳ парвоз ва ё фуруд омадааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз Фонди дастгирии соҳибкорон 7 миллион сомонӣ барои корҳои сохтмонӣ маблағ ҷудо карда шуд, ки бо ин маблағ хати парвоз 165 метр дароз гардид.
“Айни замон хати парвози фурудгоҳ 2 ҳазору 450 метрро ташкил медиҳад ва боз дар оянда хатти парвоз дароз карда хоҳад шуд”, — афзуд сардори ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” Фарҳод Абдурашидзода.