Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафар дар нишасти хабарии мақомоташ иттилоъ дод, ки се ширкати мансуб ба оилаи Алимардоновҳо айни замон дар назди нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Идораи об дар маҷмӯъ беш аз 480 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.

Раис афзуд, ҶДММ “Баракати Ҷомӣ” дар назди нозироти андози ноҳия 237 ҳазор сомонӣ ва аз Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 250 ҳазор сомонӣ қарздор аст.

Роҳбари нозироти андози ноҳия Шуҷоатзода Фарҳод низ иттилоъ дод, ки барои маҷбуран баргардонидани қарзҳои ин ширкат тамоми чораҳо андешида шудаанд.

Сардори Идораи беҳдошти замин ва  обёрии  ноҳия Фахриддин Ғафуров иттилоъ дод, ки ҶДММ  «Баракати Ҷомӣ» ХЗЧ «Баракати Ҷомӣ» аз ҳаққи истифодаи об 250 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад.

— Мо бо аз кирдори масъулони ин ширкат 8 рӯз пеш ба прокуратура шикоят бурдем, то қарзи обро пардохт кунанд , — илова кард Ғафуров.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here