Нахустнамоиши “Садои қу” дар таҳияи коргардон Овлякулӣ Хоҷакулӣ дар рӯзи байналмилалии театр — 27-уми март — соати 14:00 баргузор мегардад. Хоҳишмандон метавонанд барои тамошои ин намоиш ба театри шаҳри Конибодом оянд.
Намоиши мазкур дар давраи ҳамагир шудани коронавирус онлайн таҳия шудааст. Аниқтараш коргардон Овлякулӣ дар Лондон истода бо ҳунармандон аз театри Конибодом кор кардааст. То ин муддат онҳо се намоиши дигар бо номҳои “Ваҳваҳабонувон”, “Суди девонагон” ва “Қобил”-ро таҳия карданд, аммо таҳияи намоиш ба таври онлайн дар фазои театрии кишвар таҷрибаи нав аст.
Намоиши “Садои Қу” аз руи навиштаҳои нависандаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба монанди Чехов, Шекспир, Пушкин, ГрибоедовЯшин ва Ҳ. Ғулом рӯйи саҳна омадааст. Тамоми матнҳоро низ худи коргардон банду баст кардааст. Мусиқии намоиш аз оҳангсозони мондагор С. Бах, Малер ва Чайковский мебошад.
Дар саҳна ҳамагӣ се ҳунаранди ҷавони театр Фарҳод Ғаффопур, Фаррух Ваитов ва Ғайратҷон Қодиров нақш меофаранд..
Минбаъд роҳбарияти театр тасмим доранд ҳар ҳафта рӯзи шанбе анъанаи ду сол пеш будаи театрро дубора дар шаҳри Конибодом зинда кунанд.