Ронандаи мошини боркаше, ки дар наздикии ҳодиса қарор доштааст, сабаби ба оташсӯзӣ гирифтор шудани автобуси мусофиркашро ҳадс задааст.
Дар ин бора ӯ ба шабакаи телевизионии РЕН гуфтааст. Ба гуфтаи ӯ мусофирон барои гарм шудан аз чароғи хушккорӣ (паялная лампа) истифода бурдаанд. Баъд дар дохили автобус даъво шудааст. Кадоме шишаи бензиндоштаро бо пой задааст. Сӯзишворӣ ба чароғ бархӯрда, оташсӯзӣ ба амал омадааст.
Дар шарҳҳои дигар гуфта мешавад, ки шояд дохили автобус аз газ пур шудааст ва ин боиси сӯхтани он гардидааст.
Инҳо фарзия ҳастанд ва тасдиқи расмӣ наёфтаанд, аммо ҳалок шудани 52 шаҳрванди Ӯзбекистон дар ин оташсӯзӣ таъйид мешавад.
Субҳи имрӯз дар ноҳияи Иргизи вилояти Оқтеппаи Қазоқистон як автобус, ки 57 мусофир дошт, сӯхтааст, ки ҳамаи фавтидагон шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд.