Ҷавонони вилояти Хатлон соли 2019-ум 1 ҳазору 402 ҷиноят содир кардаанд, ки ин нисбат ба соли 2018-ум 94 ҷиноят зиёд аст.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода имрӯз дар нишасти хабарӣ қайд кард, ки бештари ҷиноятҳои содирнамудаи ҷавононро дуздӣ ташкил медиҳад.
— Ҷинояти дуздӣ миёни ҷавонон сол то сол зиёд шуда, дар соли гузашта 350 ҳолатро ташкил кард, — илова кард ӯ.
Иттилоъ дода шуд, ки аз 1 ҳазору 402 ҷинояти содиршуда аз ҷониби ҷавонон 102 ҳолати онро ҷавондухтарон содир кардаанд, ки аз онҳо 16 нафар донишҷӯи донишгоҳу донишгоҳҳо буданд.
— Ҳоло дар вилояти Хатлон 1 миллиону 77 ҳазору 300 нафар ҷавон зиндагӣ доранд, ки аз онҳо 534 ҳазору 700 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, — илова кард Фариза Абдуллозода.