Дастаи мунтахаби ҷавонони футболбози Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни дастаҳои футболи ҷавонони то 21-сола дар шаҳри Сюсзини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷои сеюмро ишғол кард.
Дар мусобиқа 4 даста – Мянмар, Тоҷикистон, Узбекистон, Чин иштирок карданд. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев 3 вохурӣ гузаронида, ду бозиро бо Чин (1:1), Мянмар (0:0) мусовӣ карда, дар як вохурӣ аз дастаи ҷавонони Узбекистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд ва сазовори медалҳои биринҷии мусобиқа гардид.
Тими ҷавонони Узбекистон бо 7 хол ҷои аввалро ишғол кард. Зинаи дуюм насиби дастаи мизбон – Чин гардид.
Иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Чин барои футболбозони ҷавони Тоҷикистон (бозингарони соли таваллудашон то 1997) марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ба шумор мерафт, ки 18-26 марти соли оянда доир мегардад.
Мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин
1-ум давр
Узбекистон (U-21) – ТОҶИКИСТОН (U-21) – 1:0
Чин (U-21) – Мянмар (U-21) – 1:0
2-юм давр
ТОҶИКИСТОН (U-21) – Чин (U-21) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Муҳаммадҷон Раҳимов.
Мянмар (U-21) – Узбекистон (U-21) – 0:2
3-юм давр
ТОҶИКИСТОН (U-21) – Мянмар (U-21) – 0:0
Чин (U-21) – Узбекистон (U-21) – 1:1