Дар робита бо эълон шудани ҳолати фавқуллодаи байналмилалӣ аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар пайи хуруҷи глобалии сирояти коронавирус, ҳамзамон, дар асоси дастури Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сирояти болозикр, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” қарор қабул кард, ки дар моҳи феврали соли 2020 муваққатан иҷрои хатсайрҳоро дар самти Душанбе-Урумчи-Душанбе қатъ кунад.
Дар ин бора ба faraj.tj аз Хадамоти матбуоти ширкат хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, маблағи чиптаи мусофирони хатсайрҳои қатъшуда баргардонида мешавад, ё бо хоҳиши мусофирон чиптаи парвоз ба муҳлати дигар иваз хоҳад шуд. Маълумоти иловагиро аз хатсайрҳои қатъшуда мусофирон метавонанд аз маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ бо шумораҳои 44 640 40 49 ва 44 640 40 50 дастрас намоянд.
Пештар ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо сабаби ҷашни Соли нав дар Чин аз санаи 24-уми январи соли ҷорӣ парвозҳоро аз Душанбе ба Урумчӣ ва бозпас муваққатан қатъ карда буд. Хатсайри аввалин дар самти Душанбе-Урумчӣ баъди ҷашнгирии Соли нав дар рӯзи 4-уми феврал ба нақша гирифта шуда буд.
Айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900, инчунин чархболи Airbus H125 иборат мебошад.