Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир» ба дастгирии ташаббус дар пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 дар ҳудуди ВМКБ пайваст. Дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба милитсия ва ҷомеа” дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии Saferworld дар Тоҷикистон, бо дастгирии молиявии INL сафорати ИМА воситаҳои ҳимояи шахсӣ, зиддивирусӣ ва дигар воситаҳои тиббӣ ба маблағи зиёда аз 51 ҳазор сомонӣ (бо дарназардошти интиқол аз Душанбе) харидорӣ ва ба кормандони РВКД дар ВМКБ таҳсим карда шуд.

Миёни онҳо ниқобҳои тиббӣ, дастпӯшакҳои тиббӣ, либосҳои ҳимоявӣ, антисептик, хлор, арбидол, азитромитсин, левофлоксатсин, тсефтриаксон буданд. Воситаҳои мазкур миёни 250 нафари наёзманд бо тавсияи духтур (ҷиддан аз рӯи тавсия) ройгон тақсим карда шуд. Як қисми воситаҳои азитромитсин баҳри табобати беморон ба беморхонаи ноҳиявии Рушон супорида шуд.

Ба ғайр аз ин, “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир” бо дастгирии молиявии ташкилоти байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон” баҳри дастгирии ташаббус барои пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 воситаҳои тиббии азитромитсин, левофлоксатсин, тсефтриаксон, курантил, гидроксихлорохин ба маблағи қариб 26 ҳазор сомонӣ (бо шумули интиқол аз Душанбе) ба даст оварданд. Қисми зиёди воситаҳои тиббӣ барои минбаъд тақсим кардан миёни аҳолии ВМКБ ба волонтёрҳои бахши тандурустии консулгарии минтақавии Оғохон дар ВМКБ дода ва қисми боқимондаи воситаҳо аз ҷониби худи Ассотсиатсия бо тавсияи табибон дар байни 25 нафар эҳтиёҷманд тақсим карда шуд.

То имрӯз ТҶ “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир” бо дастгирии молиявии созмонҳои байналмилалӣ баҳри дастгирии ташаббус дар пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 дар ҳудуди ВМКБ ба маблағи умумии зиёда аз 78 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here