Таҳсил барои ҳама дар рушди касбӣ ва шахсӣ зарур аст, аммо таъмини дастрасӣ ба таҳсилоти фарогир барои ашхоси маъюбиятдошта дар бисёр кишварҳо то ба ҳанӯз мушкилест ҳалталаб. 

Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи маъюбонро соли 2018 ба имзо расонид ва ҳамзамон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ барои иҷрои 17 Ҳадафи рушди устувор муваззаф аст. Дар Ҳадафи 4-и Рушди Устувор таҳсилоти фарогир барои ҳама инъикос ёфтааст, ки дастрасии таҳсилоти фарогир ба ҷавонон ва калонсолони маъюб то имрӯз дар Тоҷикистон, ҳам барои давлат ва ҳам барои созмонҳои ҷамъиятӣ, мушкилоти азим боқӣ мондааст. Аз ин рӯ, DVV International ва шариконаш дар доираи лоиҳаи «Пешбурди таъғироти иҷтимоӣ ва таҳсилоти фарогир» курси озмоишии «Асосҳои саводноккунии заминавии калонсолон»-ро оғоз аз моҳи декабри соли 2019 бо иштироки 17 нафар ҷавонони дорои маъюбияти гуногун ба роҳ монд.

«Ман аз муаллимон ва лоиҳа хеле миннатдорам, ки бароямон имкони иштирок карданро дар чунин курси таълимӣ фароҳам оварданд. Ҳоло ман мехоҳам ба маркази таълимии ҷавонон ва калонсолон равам, то таҳсили худро идома диҳам”, — гуфт яке аз иштирокчиёни барномаи мазкур Холида Мирзоҷонова аз Душанбе.

Мавриди зикр аст, ки дар курсҳои мазкур, ба ғайр аз таълими малакаҳои заминавии саводнокӣ, шунавандагон инчунин, аз малакаҳои ҳаётӣ, амсоли мустақилият ва мутобиқшавии иҷтимоӣ низ бархурдор шуданд. Баъд аз анҷоми муваффақонаи курси санҷишӣ, барномаи «Асосҳои саводноккунии заминавии калонсолон» аз ҷониби Шӯрои методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия шуда, Муассисаи давлатии «Маркази таълимию методӣ ва мониторинги сифати таълим»-и назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасдиқ намад ва ва қадами минбаъда омӯзиши муаллимон ва мураббиён дар ин самт буд. Бинобаран, моҳи октябри соли 2020 барои тренерон — намояндагони ташкилотҳои шарикии ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба гузаронидани курсҳои саводноккунии заминавӣ барои шахсони маъюбиятдошта, тренинги панҷрӯзае дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Тавре Гулбаҳор Искандарова, мутахассис оид ба коркарди барномаҳои таълимӣ ва тренери барномаи байналмилалии рушди тафаккури интиқодӣ мегӯяд, ҳадафи тренинги мазкур омӯзонидани муррабиён оид ба ташаккули малакаҳои заминавии саводнокии ҷавонони маъюбест, ки аз ҳамсолони худ ақиб мондаанд, мутобиқи барномаи таълимии фарогир «Асосҳои саводноккунии заминавии калонсолон» равона шудааст.

“Барномаи таълимии фарогир «Асосҳои саводноккунии заминавии калонсолон» аз ҷониби як гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ташкил шудааст, барои таълим додани шахсони дорои эҳтиёҷоти махсуси таҳсилоти синнашон аз 14-сола боло, ки саводи заминавӣ надоранд, яъне навиштан, хондан, ҳисобро намедонанд, омода шудааст”,-гуфт Гулбаҳор Искандарова.

Ба андешаи Аҳад Оташехов, муаллими Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва иштирокчии тренинг, зарурати барномаи «Асосҳои саводноккунии заминавии калонсолон» дар он аст, ки ҷавонони маъюбиятдошта “берун аз киштӣ”-и ҷамъият мондаанд ва ҷалби онҳо ба таълим — сармоягузорӣ ба хотири ояндаи худи онҳову ҷомеа аст.

“Барои ман ҳамчун муаллиме, ки бо ашхоси дорои бемаъюбият кор мекунам, тренинги мазкур хеле чизҳои навро боз кард. Аз ҷумла, омӯзиш оид ба дастгирии психологиву педагогӣ ва иҷтимоии хонандагони категорияҳои гуногун дар фазои таълимӣ, муошират бо шахсони дорои эҳтиёҷоти таҳсили махсус, банақшагириии курсҳои «Асосҳои саводноккунии заминавии калонсолон» ва роҳи ҳалли мушкилот дар ин самт, хеле муфид буданд”, — иброз намуд Аҳад Оташехов.

Тавре гуфта мешавад, бapномаи зикршуда аз се модули таълимӣ: “хониш, хат ва математика” иборат буда, барои омӯзгороне, ки ба таълими асосҳои саводнокии заминавии шахсони дорои талаботи махсуси таълимӣ тариқи таҳсили фарогир машғул мешаванд, ҳамчун дастур таҳия гардидааст. Инчунин мураттибони барнома дар банди алоҳидае бо номи “Тавсифи фаъолияти таълимгирандагон” оид ба нозукиҳои кор бо шахсони дорои маъбият ва бедор намудани шавқу рағбати онҳо ба таҳсил, бо тафсил шарҳ додаанд, ки боиси дастгирии иштирокчиёни тренинг шудааст.

Боиси зикр аст, ки ин фаъолият дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд амалӣ мегардад. Лоиҳа аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ мешавад.

М. Нозимӣ

Ин мавод дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here