Шоми 30-юми октябр дар меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенсӣ»-и пойтахт ба муносибати 94-умин солгарди истиқлолияти давлатии Чумҳурии Туркия чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва дигар шахсиятҳои шинохтаи кишвар, ҳамчунин, сафирони сафоратҳои хориҷии мустақар дар Душанбе, намояндагони васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ширкат доштанд.

Пас аз шунидани гимни давлатии Туркия ва Тоҷикистон сафири Туркия ҷаноби Алӣ Рифат Кёксал ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Ӯ муносибатҳои дуҷонибаи давлатӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишварро пас аз ба дастовардани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қаноатбахш арзёбӣ карда, таъкид бар он дошт, ки сол то сол ин муносибатҳо дар ҳоли рушданд.  

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар баромади хеш рушди муносибатҳои мутақобилан судманд дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва тавсияи шарикии дарозмуддат бо ҷумҳурии Туркияро аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда гуфт: «Дар муносибатҳои байнидавлатии мо фазои мусоиди эътимод заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оварда шудааст. Мо аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ менамоем. Дар тӯли 25 сол сафарҳои роҳбарони олӣ ба кишварҳои ҳамдигар, мулоқотҳои созандаи онҳо дар раванди густариш ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия нақши муҳим доштанд».

Сипас, ҳозирин сари хони густурда ба муносибати рӯзи истиқлолияти Туркия суҳбату гуфтугӯҳои судманд анҷом доданд. Коршиносон ба ин ақидаанд, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи давлатӣ муносибат ва ҳамкориҳои намояндагони касбу кори гуногунро рушд хоҳад дод ва барои боз намудани фазои озоди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ замина муҳайё хоҳад сохт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here