Се рӯзи охир дар шабакаи «Ютуб» навори даъвои зани мизоҷе бо нигаҳбони гипермаркети «Ашан» чарх мезанад, ки беш аз сад ҳазор нафар онро тамошо ва зиёда аз ду ҳазор корбар «маъқул» кардаанд, аммо наздики сесад тамошобин аз вуҷуди ин навор дар шабакаи мазкур изҳори таассуф карда, дар баҳс шарҳҳои зидду нақизе нигоштаанд.

Яке гузоштани чунин наворҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ шармандагии миллат ва паст задани шаъну шарафи мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳон унвон мекунад, дигаре аз зан ҳимоят карда, мегӯянд, ки кормандони «Ашан» дар пеши чашми одамон ҷузвдони занро кофтукоб карда, шаъни ӯро паст задаанд.

Зан, ки худро дар назди наворбардор Рӯзиматова Умеда Ҷонибековна муаррифӣ мекунад, мегӯяд, нафаре гӯё аз дуздии ӯ дар бахши атриёти мағоза ба нигаҳбонҳо хабар додааст. Ҳангоми берун шудан аз мағоза як нигаҳбон ҷузвдони занро аз назар мегузаронад, вале аз он чизи дуздӣ пайдо намекунад ва барои ин амалаш аз мизоҷ бахшиш мепурсад. Зан мегӯяд, бахшиши нигаҳбон барояш даркор нест. Ӯ иддао дорад, ки нигаҳбон метавонист ба ҷузвдонаш маводи мухаддир партояд ва ӯро муттаҳам кунад, чун ба гуфтаи ӯ, шавҳараш дар фурӯши маводи мухаддир даст дорад, аз ин рӯ, ӯро доимо «анонимно ғам медиҳанд».

Маъмурияти гипермаркети «Ашан» бо «Фараж» оид ба ҳодисаи мазкур суҳбат карданд.

Ҳодиса 16-уми июн, тақрибан соатҳои аз 20 то ба 21 рух додааст. Гуфта шуд, дар асл касе ба нигаҳбон дар бораи, гӯё дуздӣ кардани зан, хабар надодааст.

— Нигаҳбон, ҳангоми гузаштани мизоҷ аз хазинаи гипермаркет ва пас аз садо додани системаи зидди дуздӣ, занро барои тафтиши борхалтааш манъ мекунанд. Мизоҷ мустақилона борҳои дар борхалтааш бударо бо дасти худ  аз борхалтааш бароварда, нишон медиҳад. Пас аз он, ки дар борхалта танҳо молҳои харид кардаи мизоҷ пайдо шуданд, чуноне, ки дар дақиқаи 6-уми навор худи мизоҷ тасдиқ мекунад, нигаҳбон аз ӯ бахшиш пурсидааст ва мизоҷ мағозаро тарк кардааст. Пас аз 15-20 дақиқа мизоҷ боз ба мағоза баргашта, талаб мекунад, ки шахсе, ки ба ӯ тӯҳмат задааст пайдо кунанд ва дағалона нигаҳбонро як шаппотӣ мезанад. Ба ин амали мизоҷ нигоҳ накарда, нигаҳбон аз ӯ бахшиш мепурсад. Пас аз ин даъво ва шаппотӣ, аз афсурдагӣ ҳоли нигаҳбон вазнин ва беҳуш мешавад. Ба посбон табибони «Ёрии таъҷилӣ» ёрии тиббӣ расониданд. Тамоми наворҳои тасдиқкунандаи ҳодиса дар ширкат ҳаст, — гуфтанд  аз гипермаркет.

Ба гуфтаи манбаъ, рӯзи дигар, зан ба гипермаркети «Ашан» омада, маротибаи дигар талаб намудааст, ки номи шахси ба ӯ тӯҳмат задаро бидиҳанд. Баъдан, пас аз суҳбат мизоҷ иқрор кардааст, ки гӯё рӯзи ҳодиса дар ҳолати сахти ҳаяҷони руҳӣ қарор доштааст.

— Кормандони гипермаркет маротибаи дигар аз мизоҷ барои иллати техникии таҷҳизоти мағоза узрхоҳӣ карданд ва мизоҷ бидуни ягон даъво аз гипермаркет рафт, — гуфтанд кормандони «Ашан».

Имкони пайдо кардани суроға ё рақами мобилии зани «ҷабрдида», ки худро Умеда Рӯзиматова муаррифӣ мекунад, бароямон даст надод, то дар мавриди ҳақиқат доштани ҳарфҳои кормандони ширкат бо ӯ суҳбат кунем, аммо аз ин маркази савдо гуфтанд, пас аз ҳодиса нигаҳбони ҷавон дар хона табобат мегирад ва имрӯз, дар бахши шабона ба кораш идома медиҳад.

Аз «Ашан» ба суоли он ки оё нигаҳбон аз мизоҷ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардааст, ё не, гуфтанд, «инро худи ӯ медонад. Агар шикоят ҳам кунад, ин ҳаққи ӯст».

Ёдовар  мешавем, ки гипермаркети «Ашан» аз силсилаи марказҳои савдои оилавии ширкати маъруфи фаронсавии «Шивер» ба ҳисоб меравад, ки дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон беш аз 3000 маркази бузурги савдоро таъсис додааст.

Гипермаркети «Ашан» 21-уми июни соли 2016 дар шаҳри Душанбе бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд, ки дар миқёси Осиёи Марказӣ аз калонтарин марказҳои савдо ба шумор меравад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here