Қарзи ширкати «Барқи тоҷик», бидуни назардошти қарзҳои аз ҷониби Вазорати молия барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории энергетикӣ ҷалбшуда, соли 2017 ба маблағи 1 млрд. сомонӣ афзудааст. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қарзи кредитории ширкати «Барқи тоҷик» бидуни созишномаҳои қарзии сармоягузорӣ беш аз 3,7 млрд. сомониро ташкил медиҳад. 

Мавриди зикр аст, ки аввали соли гузашта сардори Сарраёсати молияи ширкати «Барқи тоҷик» Рустам Маҷидзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дода буд, ки ширкат бидуни назардошти қарзҳои ҷалбшуда 2,7 млрд. сомонӣ қарздор аст.

Тибқи натиҷагирии соли 2017 қарзи ширкат дар назди нерӯгоҳи “Сангтӯда-1» ба 763 млн. сомонӣ (соли 2017 — 110 млн. сомонӣ зиёд шуд) расид..

Аввали соли гузашта ширкати «Барқи тоҷик» хабар дода буд, ки ҳаҷми қарзҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 11 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии қарздориҳои ширкати «Барқи тоҷик» аз 14,7 млрд. сомонӣ (беш аз 1,6 млрд. доллар) зиёдтар шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here